Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пурсиши ду тани дигар дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов


Имрӯз мурофиаи додгоҳӣ нисбати Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва соҳибкори муваффақ бо пурсиши афроде, ки дар ин қазияҳо ҳамчун "ҷабрдида" мегузаранд, ва посухҳои ҷаноби Саидов идома кардааст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Зайд Саидов рӯзи сешанбеи 17 сентябр дар сӯҳбат бо РО гуфт, ки "дар меҳвари мурофиаи имрӯз ҳам 8 иттиҳомоти ворида ба Зайд Саидов қарор гирифт ва ду тан аз касоне, ки ба гуфтаи мақомот, аз Зайд Саидов ҷабр дидаанд, пурсида шуданд."

Ҷаноби Қудратов мегӯяд, бо он ки ҷабрдида дар додгоҳ таъкид карданд, ки аз дасти Зайд Саидов дар порагирӣ ва қаллобӣ ҷабр дидаанд, аммо худи Саидов ин иддаоҳоро рад карда ва онҳоро туҳмат медонад.

Вакили дифоъ ба сабаби "махфӣ" будани парванда аз ифшои номи ҷабрдидаҳо ва шарҳи ҷузъиёти бештари мурофиа худдорӣ кард.

Бо он ки рӯзи гузашта вакилони дифоъ аз додрас дархост карда буданд, ки соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев, ки ба унвони шоҳид дар иттиҳоми порагирӣ аст, дар мурофиа ҳозир шавад, аммо дар мурофиаи имрӯз ҳузур надоштааст.

Шӯҳрат Қудратов гуфт, дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов то рӯзи панҷшанбеи 19 сентябр танаффус эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG