Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои ҷавобии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон


Рӯзҳои 17-18-уми сентябр бозиҳои ҷавобии даври чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон – 2013 оид ба футбол баргузор мешаванд.

Нахуст дастаҳои "Вахш"-и Қӯрғонтеппа ва "Эсхата”-и Хуҷанд имрӯз дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и маркази вилояти Хатлон рақобат мекунанд.

Се бозии дигар миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, “Энергетик”-и Душанбе – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе – “Истаравшан”-и Истаравшан рӯзи чоршанбе, 18-уми сентябр, баргузор хоҳанд шуд.


Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
17-уми сентябр, сешанбе. Оғози бозӣ – соати 16.00
«ВАХШ» - «ЭСХАТА». Сардовар: Комил Курбонов.
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Бозии аввал – 2:1.


18-уми сентябр, чоршанбе. Оғози бозиҳо – соати 16.00
«РАВШАН» - «ПАРВОЗ». Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
Бозии аввал – 2:1.


«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Бозии аввал – 0:2.


«ИСТИҚЛОЛ» - «ИСТАРАВШАН». Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, варзишгоҳи "Авиатор".
Бозии аввал – 2:1.
XS
SM
MD
LG