Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба Рӯҳонӣ паём фиристода, аз ӯ нома гирифт


 Президенти ИМА Барак Обама
Президенти ИМА Барак Обама
Президенти ИМА Барак Обама хабар дод, ки ба президенти тозаинтихобшудаи Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ паёме фиристода, аз ӯ ҳам паёме дастрас кардааст.

Рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо телевизиони амрикоии ABC президенти ИМА тафсилоти паёмашро ошкор накард, вале гуфт, ки нигаронии ИМА аз барномаи ҳастаии Теҳрон хеле густардатар аз ташвиши марбут бо аслиҳаи кимиёии Сурия аст.

Обама афзуд, кӯшиши дипломатӣ бо таҳдиди амалиёти низомӣ дар мавриди Сурия кумак кард ва эҳтимол ҳамин тарзи кор дар ҷараёни арзёбии барномаи ҳастаии Теҳрон муносиб бошад.

Раҳбари амрикоӣ таъкид кард, Эрон набояд бар ин ақида бошад, ки агар Вашингтон болои Сурия ҳамла накард, болои Теҳрон ҳам ҳамла нахоҳад кард.

Ҳафтаи оянда дар Маҷмаи кулли СММ дар ашҳри Нюйорк Обама ва Рӯҳонӣ дар як рӯз суханронӣ хоҳанд кард, вале онҳо нақшаи мулоқот бо ҳамдигарро тарҳрезӣ накардаанд.
XS
SM
MD
LG