Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовуз ба номуси духтари 5-сола таҳқиқ мешавад


 Шаҳри Лоҳур
Шаҳри Лоҳур
Додгоҳи олии Покистон як идда афсарони баландпояи полисро даъват кардааст, то дар бораи таҳқиқи таҷовуз ба номуси духтари панҷсола маълумот диҳанд.

Рӯзи ҷумъа полис иттилоъ дод, ки дар шаҳри Лоҳур як духтари панҷсола мавриди таҷовуз ба номусаш қарор гирифтааст.

Полис мегӯяд, духтари панҷсола, ки чанде пеш аз як маҳаллаи мардуми камбизоати Лоҳур ғайб зада буд, шоми ҷумъа дар назди шифохонаи маҳаллӣ ёфт шуд.

Аҳволи духтар баъди таҷовуз ба номусаш ҷиддӣ будааст. Вазири адлияи вилояти Панҷоби Покистон Роно Саноуллоҳ мегӯяд, масъулони ин ҷиноят тавре ҷазо хоҳанд гирифт, ки барои дигарон сабақ шавад.

Ду дастаи полиси бо таҳқиқи қазия машғул ҳастанд.
XS
SM
MD
LG