Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амнияти СММ ҷаласаашро лағв кард


Шӯрои Амнияти СММ ҷаласа бахшида ба арзёбии қатъномаи хос дар иртибот бо маҳви захираҳои кимиёии Сурияро лағв кард.

Машварати пушти дарҳои бастаи Шӯрои Амният бояд шаби сешанбе ташаббуси Русия дар мавриди таслими аслиҳаи кимиёии Сурия ба нозирони байналмилалиро баҳс мекард.

Рӯзи сешанбе президенти Русия Владимир Путин гуфт, ин ташаббус фақат дар сурате татбиқ хоҳад шуд, ки ИМА аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунад.

Президенти ИМА Барак Обама гуфтааст, ки ИМА ҳамроҳ бо Британияву Фаронса мувофиқат кард, ки баҳри татбиқи ташаббуси Маскав бо Чину Русия ҳамкорӣ кунад, то аслиҳаи кимиёии Сурия таҳти назорати комили ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирад.
XS
SM
MD
LG