Додгоҳи шаҳри Маскав як шаҳрванди Қазоқистонро бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони президенти Русия Владимир Путин ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Иля Пянзин худро гунаҳгор дониста, бо муфаттишон ба созиш расида буд. Муҳокимаи Пянзин рӯзи ҷумъа пушти дарҳои баста оғоз ёфта буд. Номбурда соли гузашта дар шаҳри Одесаи Украина боздошт шудааст.
Таркиши ғайримунтазираи маводи мунфаҷир Пянзин ва ҳамроҳашро маҷрӯҳ кард. Боздошти Пянзин имкон дод, ки фарди муттаҳам бо ташкили ин сӯиқасд-Адам Осмаеви чечен-табор ҳам дастгир шавад.
Вале бо тақозои Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо Украина истирдоди Осмаев ба Русияро мутаваққиф намуд.