Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон як раҳбари Толибонро озод мекунад


Як мақоми баландпояи Покистон гуфтааст, ки кишвараш омода аст, барои хотима додан ба ҷанги 12-сола дар Афғонистон, Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раҳбари Толибонро аз зиндон раҳо кунад. Ҳукумати Афғонистон борҳо аз Покистон хостааст, ба хотири раҳандозии музокироти сулҳ бо Толибон, Мулло Бародарро раҳо кунад. Сартоҷ Азиз, мушовири умури сиёсати хориҷии нахуствазири Покистон гуфтааст, “мо усулан розӣ ҳастем, ки ӯро раҳо кунем. Вақти ин кор баррасӣ мешавад ва мумкин аст, ба зудӣ ва ё моҳҳои оянда раҳо шавад.” Ба гуфтаи Сартоҷ Азиз, дар сурати раҳоии ӯ, Мулло Бародарро ба Афғонистон нахоҳанд дод. Рӯзи шанбе мақомоти Покистон гуфтанд, ки ҳафт узви баландпояи Толибонро раҳо мекунанд.
XS
SM
MD
LG