Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварони бозиҳои аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон


Имрӯз, 10-уми сентябр, бозиҳои аввали даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 шурӯъ мешаванд.

Нахуст дастаи лигаи аввал – «Эсхата”-и Хуҷанд дар майдони худ бо тими лигаи олӣ – “Вахш”-и Қӯрғонтеппа рақобат мекунад.

Се бозии дигари даври чорякниҳоӣ рӯзи чоршанбе, 11-уми сентябр, миёни дастаҳои лигаи олӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода – “Энергетик”-и Душанбе, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истаравшан”-и Истаравшан – “Истиқлол”-и Душанбе баргузор мешавад.

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварони бозиҳои аввали даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистонро таъин кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2013
1/4 финал. Бозиҳои аввал

10-уми сентябр (сешанбе)
Оғози бозӣ - соати 16.30
«ЭСХАТА» (Хуҷанд) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак». Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Ёваронаш: Насрулло Кабиров, Ҳасан Каримов (ҳарду аз Норак). Довари эҳтиётӣ : Наимҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).

11-уми сентябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16.30
«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе). Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург». Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд). Ёваронаш: Дилшод Назипов (Ҳисор), Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа). Довари эҳтиётӣ: Насим Ҳамидов (Душанбе).

"ПАРВОЗ" (Бобоҷон Ғафуров) - "РАВШАН" (Кӯлоб). Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи"Фурудгоҳ".». Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Ёваронаш: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор), Ҳасан Каримов (Норак). Довари эҳтиётӣ: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).

«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Сафармаҳмад Шоймардонов. Ёваронаш: Исматулло Муъминов, Ҳамза Шоймардонов (ҳама аз Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Носирҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).

1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
17-уми сентябр (сешанбе)
Оғози бозӣ - соати 16.00
«ВАХШ» - «ЭСХАТА» . Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
18-уми сентябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16.30
«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
"РАВШАН" - "ПАРВОЗ". Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
«ИСТИҚЛОЛ» - «ИСТАРАВШАН». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
XS
SM
MD
LG