Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, тарафдорони иқдом алайҳи Сурия меафзояд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Фаронса мегӯянд, теъдоди ҳарчӣ бештари кишварҳо тарафдори амалиёти низомӣ дар Сурия ҳастанд, ки аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода кардааст. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи якшанбе дар шаҳри Пориси Фаронса гуфт, теъдоди кишварҳои омода барои иқдоми низомӣ алайҳи Сурия “дурақама” аст. Фаронса танҳо кишварест, ки ошкоро омодагии худ барои пайвастан ба амалиёти Амрико алайҳи Сурияро изҳор кардааст. Аз ин пештар дар рӯзи шанбе, вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Сурия масъули истифодаи гази кушанда дар наздикии шаҳри Димишқ хонда ва хостори “посухи возеҳ ва қотеъ” алайҳи он кишвар шуданд. Аммо ба гуфтаи вазирон, то замоне, ки нозирони Созмони Милал хулосаҳои худро дар бораи ҳамла аз аслиҳаи кимиёвӣ нагӯянд, бояд ҳеҷ иқдоме алайҳи Сурия сурат нагирад. Давлати Амрико мегӯяд, дар ин ҳамла бештар аз 1400 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG