Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон 7 узви Толибонро озод мекунад


Ҳукумати Покистон гуфт, бо ҳадафи мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистон, 7 аъзои баландпояи Толибонро аз зиндон раҳо мекунад. Вазорати умури хориҷии Покистон рӯзи шанбе бо нашри баёнияе гуфт, ба манзури идомаи кӯмак ба раванди сулҳ дар Афғонистон, Мансур Додулоҳ, Саидвалӣ, Абдулманон, Каримоғо, Шерафзал, Гулмуҳаммад ва Муҳаммадзай ҳафт узви баландпояи Толибонро раҳо мекунанд. Соли гузашта низ Покистон бо талаби Афғонистон 25 Толиби дигарро раҳо карда буд. Ду ҳафта пештар Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар шаҳри Исломобод бо раҳбарони Покистон раванди сулҳ дар кишварашро баррасӣ кард ва аз мақомоти Покистон хост, бо истифода аз нуфузашон дар миёни Толибон онҳоро ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон моил кунанд.
XS
SM
MD
LG