Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қомати мардони аврупоӣ баландтар шудааст


Як пажӯҳише маълум кардааст, ки қади миёнаи мардони аврупоӣ дар миёни солҳои 1870 то соли 1980, 11 сантиметр дарозтар шудааст. Ба гуфтаи донишмандони Бритониё ва Австралия, сабаби баландтар шудани қомати мардон дар Аврупо, ғизову хадамоти беҳдоштии беҳтар ва маҳви баъзе аз бемориҳо будааст. Як омили дигар, теъдоди аъзои кам дар хонавода будааст, агарчӣ дар гузашта ҳам собит кардаанд, ки аъзои хонаводаҳои хурд, қомати баланд доштаанд. Пажӯҳише, ки дар маҷаллаи “Пажӯҳишҳои Иқтисодии Оксфорд” рӯзи душанбе нашр шуд, маълум кардааст, дар муддати 110 сол қомати миёнаи мардони аврупоӣ аз 168 сантиметр ба 178 сантиметр дарозтар шудааст. Пажӯҳиши мазкур бар асоси омори 15 кишвари Аврупо анҷом додаанд ва гуфта шудааст, ки ба далели набудани омори зиёд дар бораи қомати занон, таҳқиқ дар ин замина сурат нагирифт.
XS
SM
MD
LG