Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз шеваи баргузории озмунҳои фаннӣ


Акс аз сомонаи http://ltsuc.tj/ гирифта шудааст.
Акс аз сомонаи http://ltsuc.tj/ гирифта шудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳар як кӯдаки соҳибистеъдод худ сарвати миллист ва бояд ҳар як истеъдод ба таври шаффофу одилона дастгирӣ шавад ва такомул ёбад.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ бояд бо дар назардошти таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, тартиби омода намудани хонандагони болаёқат аз тарафи Вазорати маориф ва Академияи таҳсилоти маорифиТоҷикистон аз нав таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод гардад.

Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон дар шарҳи ин гуфтаҳои сарвари давлат изҳор намуданд, ки ба ин васила метавон нигарониҳои сокинонро аз ношаффоф баргузор шудани олимпиадаҳо миёни хонандагон аз байн бурд.

Ирина Каримова, раҳбари Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо истиқбол аз пешниҳоди раиси ҷумҳур афзуд, озмун, озмун аст ва набояд аз раванди баргузории он хонанда нигарон бошад.

«Бояд тақаллуб аз байн равад, мақсад ҳам ҳамин аст. Аз ҷониби дигар озмун, озмунаст, як нафаре ки ғолиб намебарояд чаро фикр намекунад, ки шояд донишаш ба он сатҳе набуд ки ғолиб наомад. Ва зуд фикри бо тақаллуб баргузор шуданро дар сар мегирад. Бубинед агар дар озмун аз як фан даҳ ҷой бошад, даҳ нафар ин ҷойро мегиранд, на тамоми хонандаҳо».

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд таълими фанҳои дақиқ дар макотиби Тоҷикистон бар асари набудани фанновариҳои муосир ба мушкил мувоҷеҳ аст, аммо таваҷҷуҳи хонандагон ба ингуна озмунҳо бештар ва талошҳои онҳо нисбатан зиёдтар аз даҳ соли гузашта будааст.

Абдулфаттоҳ Ҳотамов, раҳбари гимназия-интернати тоҷики-русӣ, «Ҳотамва ПВ», ки фаъолияташ сирф ба таълими улуми дақиқ ва технологияҳои муосир равона шудааст, як ҳадафи аслӣ ва роҳи ягона барои кашфи соҳибистеъдодҳоро баргузории озмунҳои фаннӣ медонад. Ба гуфтаи ҷаноби Ҳотамов дар Русия 80 дар сади толибилмон барои донишҷӯ шудан, тавассути олимпидаҳо интихоб ва ба донишгоҳҳо шомил мешаванд. Ӯ афзуд, вақте хонанда ё донишҷу тавассути озмун мегузарад, дар ин ҳолат нигарониҳо дар мавриди тақаллуб ба гуш намерасад. Зеро дар ин ҳолат рушан мешавад, касе фавқулода ғолиби озмун ё шомили донишгоҳ нашудааст. Вай пешниҳод дорад, ки бояд олимпиадаҳои хонандагон дар Тоҷикистон на якбору ду бор, балки дар ҳар як моҳ ё дар чандмоҳ баргузор карда шавад.

«Барои дарёфт ва беҳтар кардани завқи хонанда мо метавонем чунин озмунҳоро интихоб кунем. Озмун барои дарёфти беҳтарин хонанда ба мукофоти президентӣ. Барои ноил шудан ба мукофоти раиси шаҳри Душанбе ва ё ба мукофоти президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон. Ин озмунҳо маблағи зиёд талаб намекунанд. Мешавад чунин озмунҳоро тавассути интернет баргузор кард».

Ҷаноби Ҳотамов ба ин бовар аст, ки агар дониши хонанда такрорӣ санҷида шавад, он гоҳ баргузории озмунҳо шаффоф хоҳад гузашт. Ва шубҳаву сару садоҳои бемантиқ аз миён хоҳад рафт. Зеро: «он бача гумон мекунад, ки маротибаи дигар дониши ӯ санҷида мешавад ва набояд ӯ бо роҳи тақаллуб ё ба воситаи дигар дар озмун ғолиб ояд. Вақте ин ё он нафар медонад, ки бори дигар аз озмун мегузарад вай ҳеҷ гоҳ ба тақаллуб роҳ намедиҳад».

Дар ин росто Абдуҷаббор Алиев, сардори раёсати таҳсилоти то мактабӣ ва миёнаи умумии вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод супориши раҳбари давлатро ҳалқаи гӯш карда дар наздиктарин фурсат ба низомномаи вазорати маориф дар самти баргузории озмунҳои фаннӣ тағирот ворид хоҳад кард. Ҷаноби Алиев афзуд: «Рафти баругзории озмунҳоро довароне назорат мекунанд, ки ҳамон рӯзи озмун интихоб шудаанд. Ин ба хотире ки гапҳои зиёдатӣ нашавад. Баъдан иҷрои корҳои хонандагонро доварони дигар месанҷанд. Мо кушиш мекунем, ҳузури доваронро васеътар карда, дар пайи супориши президент онҳоро аз ҳисоби олимон, кормандони пажуҳишгоҳи педагогӣ ва масъулини вазорат интихоб кунем. Аз Академияи илмҳоҳам ҷалб шаванд, хубаст.»

Зоҳиран, ислоҳот дар мактабҳои миёна бо мушкил рӯ ба рӯст ва сарони мактабҳои олӣ аз дониши хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ розӣ нестанд.
XS
SM
MD
LG