Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 кушта дар ҳамлаҳои ахири Ироқ


Полис ва табибони ироқӣ мегӯянд, ки ду бомбгузорӣ дар шаҳри Туз Ҳурматои ин кишвар камаш 12 нафар ва дар байни онҳо чанд кӯдакро ба ҳалокат расонидаанд. Даҳ нафари дигар аз ин ҳамлаҳо захмӣ шудаанд.

Мансабдорони Ироқ изҳор менамоянд, ки бомбгузориҳо дар минтақаи иқомати курдтаборони ин шаҳр ба вуқӯъ пайвастаанд.

Туз Ҳурмато дар 170 километрии шимоли Бағдод қарор дорад. Тибқи иттилои тасдиқношудаи расонаҳо дар моҳи август дар Ироқ беш аз 600 нафар ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG