Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон: Бозии ниҳоӣ - 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе


Бо тасмими бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тасдиқ шуд.

Бозии ниҳоӣ дар ин варзишгоҳ рӯзи шанбе, 5-уми октябр, соати 19 шурӯъ мешавад. Дарвоқеъ, дар айни ҳол дар ин иншооти асосии кишвар кори азнавсозии майдони варзишгоҳ дар арафаи анҷомёбист.

Дар ин ҷо рӯзи шанбе, 7-уми сентябр, бозии асосии давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб баргузор мешавад. Оғози бозӣ – соати 16:30.

Ёдовар мешавем, ки ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Энергетик» (Душанбе), «Эсхата» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Равшан» (Кӯлоб), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Истиқлол» (Душанбе) роҳ ёфтаанд.

Дар бозиҳои аввали даври чаҳорякниҳоӣ, ки рӯзи чоршшанбе, 11-уми сентябр соати 16:30 баргузор мешавад, ин дастаҳо бо ҳам рақобат мекунанд:

«Регар-ТадАЗ» - «Энергетик»
«Эсхата» - «Вахш»
«Парвоз» - «Равшан»
«Истаравшан» - «Истиқлол»

Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи ҷумъа, 5-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд, дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” миёни ду дастаи лигаи олӣ - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳузури 8 ҳазор тамошогар баргузор шуда буд. Замони асосӣ ва изофии ин дидор бо натиҷаи мусовии 1:1 поён ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 80-ум Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари "Регар-ТадАЗ", боз кард. Дилшод Восиев, капитани дастаи "Истиқлол", дар дақиқаи 90-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро баробар намуд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа барои муайян кардани дастаи ғолиб 30 дақиқа замони изофӣ дода шуд, вале он бидуни гол поён ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бошад, кори футболбозони "Регар- ТадАЗ" омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 ғолиб шуданд. Ҳамин тариқ аз рӯи ҳисоби умумӣ "Регар-ТадАЗ" бо натиҷаи 7:6 ғолиб омад ва барои бори шашум Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гашт.

Бояд гуфт, ки барои аввалин бор Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои ғолиб ва мағлубшудаи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мукофоти пулӣ таъсис дода буд. Дастаи ғолиб - “Регар-ТадАЗ” бо Ҷоми нави Тоҷикистон, ки дар Италия сохта шудааст, инчунин, сертификати мукофотпулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт. Ҳамчунин бозигарону мураббиён ва раҳбарони дастаи ғолиб бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1992 барои бори 22-юм барпо мегардад. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Инчунин се бор дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд барандаи Ҷоми Тоҷикистон гаштааст. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе дуборӣ соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шудаанд.

Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро ба даст овардаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пенолти - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пенолти - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пенолти - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пенолти - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0
2012- “Регар-ТадАЗ(Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ 6:5
XS
SM
MD
LG