Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷарроҳии муваффақи гурдаи кӯдак дар Тоҷикистон


Барои нахустин бор дар Тоҷикистон ҷарроҳии пайвандсозии гурдаи кӯдакон ба таври муваффақона сурат гирифт.

Мижгона Муҳиддинова, сокини 13-солаи шаҳри Хуҷандро як моҳ қабл дар ҳолати вазнин ба Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои Душанбе оварданд. Гурдаҳои ӯ аз кор монда буд ва ба ҷарроҳии пайвандсозии гурда шадидан ниёз дошт. Модари Мижгона, ки аз дарди фарзандаш огаҳ ва дар азият буд, ба пешниҳоди табибон дар мавриди пайвандсозии гурдаи солим ба духтараш розӣ шуд. Пас аз озмоиши тиббӣ ӯ ҳамчун "донор" изҳори омодагӣ кард, ки барои наҷоти духтарчааш як гурдаи худро ба истилоҳ «туҳфа» кунад.

Ин нахустин ҷарроҳии пайвандсозии гурдаи кӯдакон дар Тоҷикистон буд, ки гурӯҳи табибони Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон анҷом доданд ва ҳам он муваффақона буд.

Саймаҳмуд Исмоилов, табиби ҷарроҳ, ки дар тӯли дувуним соли фаъолияти марказ ҳудуди 70 ҷарроҳии пайвандсозии гурдаро ҳамроҳ бо гурӯҳи табибони ин бемористон анҷом додаанд, гуфт, анҷоми муваффақонаи ҷарроҳии пайвандсози гурда дар кӯдак бахши муҳимеро дар тибби муосири тоҷик боз кард. Ба гуфтаи ҷаноби Исмоилов, ин ҳам дар ҳолест, ки ҷарроҳии пайвандсозии гурдаи атфол дар Тоҷикистон барои маризон 3-4 маротиба арзонтар хориҷ аз кишвар тамом мешавад ва муҳим аз ҳама роҳи дигаре барои наҷоти кӯдакон аз ин беморӣ фароҳам шуд.

Ба дунболи ин муваффақият, табибони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон тасмим гирифтаанд, ки ҷарроҳии пайвандсозии ҷигари инсонро рӯи даст бигиранд ва барои анҷоми ин иқдом таҷҳизоту фановариҳои муосири беҳдошти дар ҳоли ворид шудан аст.

Аз ҳудуди 70 нафар, ки ҷарроҳии пайвандсозии гурда шудаанд, 4 нафар фавтидаанд ва ба гуфтаи масуълини Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофатҳои инсон, аз ин чаҳор нафар 2 нафар аз бемории сактаи қалб ва ду нафар бо сабаби риоя накардани реҷаи истифодаи доруву дармонҳо аз дунё даргузаштанд.

Ҷарроҳии пайвандсозии гурдаи кӯдак дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
XS
SM
MD
LG