Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраҳои омӯзишии МТБ барои доираҳои тиҷоратии тоҷик


Силсилаи иборат аз ҳафт давраи омӯзишии якунимрӯза ҷиҳати боло бурдани огоҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик аз Созишномаи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС) имрӯз, 27-уми августи соли 2013 дар ноҳияи Рашт оғоз шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) намояндагони соҳаҳои кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ҳамчунин, намояндагони муассисаҳои давлатиеро, ки ба масоили марбут ба СФС сарукор доранд, дар ҳамаи чаҳор минтақаи кишвар бо ҳадафи боло бурдани сатҳи огоҳии онҳо аз манфиату чолишҳо ва паёмадҳои эҳтимолии вуруди Тоҷикистон ба СТҶ дар бастагӣ ба чораҳои СФС дар маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ гирди ҳам меоварад. Давраҳои омӯзишии мазкурро тренерони тамриндидаи маҳаллӣ доир ба СФС дар шаҳру ноҳияҳои зерин баргузор мекунанд: Рашт, Кӯлоб, Хоруғ, Қурғонтеппа, Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ, Истаравшан ва Хуҷанд.

Давраи омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази тиҷорати байнулмилалӣ амалӣ менамояд.

Қосим Қурбонов, мушовири миллии МТБ дар масоили чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС) мегӯяд, “Ҳадаф аз баргузории давраҳои омӯзишии мазкур боло бурдани сатҳи огоҳии намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, аз чораҳои СТҶ ҷиҳати тарғиби тиҷорати озод ва одилона дар сатҳи байнулмилалӣ мебошад. Илова бар ин, дар ин давраҳои омӯзишӣ иштироккунандагон аз талошҳои кишварҳо ҷиҳати коҳиши тадбирҳои санитарӣ ва фитосанитарие, ки боиси маҳдуд гардидани тиҷорат мегарданд, маълумот пайдо хоҳанд кард. Ҳамаи ин иқдомҳо дар Созишномаи СТҶ доир ба СФС расман дарҷ гардидаанд. Иштироккунандагони давраҳои омӯзишӣ ҳамчунин баррасӣ хоҳанд намуд, ки чи гуна ниҳодҳои давлативу бахши хусусӣ ҳамкориро ба роҳ монанд то ки истифода аз Созишномаи СФС боиси дастрасии беҳтар ба бозорҳои беруна гардад”.

Ҷаноби Қурбонов илова намуд, ки давраҳои омӯзишӣ ба бахши хусусии Тоҷикистон имкон медиҳад, то донишу фаҳмиши худро дар мавриди дарёфти дастрасӣ ба бозорҳои беруна пас аз вуруди Тоҷикистон ба СТҶ амиқтар созанд. Дар моҳи июли соли ҷорӣ ҳашт тренери маҳаллӣ аз ҷониби мутахассисони байнулмилалии МТБ дар мавзӯъи чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ дар чаҳорчӯбаи Созишномаи СТҶ таълим диданд. Тренерони маҳаллӣ барномаи омӯзишии МТБ дар мавзӯъи “Созишномаи СТҶ доир ба СФС: Рушди тиҷорат бо истифода аз қоидаҳои байнулмилали”-ро ба ниёзҳои соҳаҳои кишоварзиву коркарди маҳсулоти Тоҷикистон мутобиқ намуданд.

Нахустин силсилаи чунин давраҳои мушобеҳ соли гузашта дар мавзӯъи “Созишномаи СТҶ доир ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат (ТБТ)” низ аз ҷониби тренерони тоҷик баргузор гардида буд.

Лоиҳаи мазкур Бахши дуввуми Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи ин барнома мусоидат ба иҷрои ислоҳоти ҳамаҷониба дар ин кишвар ҷиҳати мутобиқат ба талаботи СТҶ мебошад. Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ҳамин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
XS
SM
MD
LG