Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали Тоҷикистон дар Форуми мубоҳисони ҷавони ҷаҳон


Аврангзеби Асрориён.
Аврангзеби Асрориён.

Намояндагони Тоҷикистон Аврангзеби Асрориён ва Зӯҳро Ганҷибекова дар Форуми мубоҳисони ҷавони ҷаҳон дар Ирландия, мақоми савумро касб карданд.

Аврангзеби Асрориён, хонандаи синфи 11-и литсейи иқтисодии шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо Зуҳро Ганҷибекова аз Хоруғ, пас аз 13 рӯзи мубоҳисаҳо дар Галвайи Ирландия, миёни намояндагони ҷавони кишварҳои ҷаҳон мақоми савумро ба даст оварданд ва соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Дар замони истиқлоли Тоҷикистон барои нахустин бор тими мубоҳисони ҷавони тоҷик дар ин озмуни ҷаҳонӣ ширкат карда ва сазовори мақом шудааст.

Аврангзеби Асрориён аз ин қабл дар озмунҳои байналмилалӣ дар Амрико, Туркия, Қирғизистон иштирок карда ва барои ихтирооташ аз фанни кимиё, соҳиби 2 медали тилло мебошад.

Тими мубоҳисони ҷавони Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё-2013, ки аз 8-ум то 21-уми апрели соли равон бо иштироки 120 толибилм аз 13 давлати Осиё дар Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор гардид, ширкати фаъолона намуда, ба даври ниҳоии ин озмун, яъне ба Форуми мубоҳисони ҷавони ҷаҳон дар Ирландия роҳхат гирифта буд.

Тими мубоҳисони ҷавони Тоҷикистон барои иштирок дар ин форум бо 4 толибилм ва як мураббӣ миёнаҳои моҳи август ба Ирландия сафар кард. Сафари Аврангзеби Асрориён ба ин озмун бо пуштибонии молии ширкати "Фароз" дар пайи як матлаби Радиои Озодӣ муяссар шуд.

Ширкати «Фароз» тамоми хароҷоти сафари Аврангзеби Асрориён, хонандаи синфи 11-и литсейи иқтисодии шаҳри Душанбе барои ширкат дар Форуми мубоҳисони ҷавони ҷаҳон дар Ирландияро ба ӯҳда гирифт.

Аврангзеби Асрориён дар авоили моҳи июл дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ, ки таҳти унвони «Тими Тоҷикистон барои сафар ба Ирландия пул надорад» нашр шуд, гуфт, ҳарчанд ба даври ниҳоии ин баҳсҳо роҳхат гирифтааст, вале ба далели мушкилоти молӣ наметавонад ба Ирландия сафар кунад. Дар пай масъулони ширкати «Фароз» бо ирсоли як нома тавассути бахши шарҳҳо ба Озодӣ изҳор доштанд, ки харҷи сафари Аврангзебро ин ширкат ба дӯш мегирад.
XS
SM
MD
LG