Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабаровскро об зер кардааст


Ба гуфти ҳавошиносони Русия боронҳои пай дар пай дӯ рӯзи дигар идома ёфта, сатҳи оби рӯди Амур ҳамоно боло хоҳад рафт.

Рӯзи ҷумъа дар канори Хабаровск оби Амур аз мизони муқаррариаш 718 сантиметр болотар буд.

Дар соли 1898 оби Амур аз мизони муқаррарӣ 643 сантиметр боло рафта буд, ки то ин замон рекорд ба шумор мерафт.

Владимир Степанов-намояндаи вазорати вазъиятҳои фавқулодаи Русия мегӯяд, аз макони зери об мондаи шарқи Русия 23 ҳазор нафар ба ҷойҳои амн интиқол ёфтаанд.

Дафтари матуботии мақомоти вилояти Хабаровск мегӯяд, як қисми роҳи оҳани Хабаровск –Қомсомолски лаби Амур зери об монд ва истифодаи он ғайриимкон аст.
XS
SM
MD
LG