Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Додоҷони Атовулло дар Тифлис


Гуфта мешавад, ки Додоҷони Атовулло, як мухолифи сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон боздошт шудааст. Тавре худи Додоҷони Атовулло аз тариқи Фейсбук ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ шаби гузашта дар фурудгоҳи Тифлис аз сӯи кормандони «Интерпол» боздошт шудааст ва ҳамакнун дар фурудгоҳ қарор дорад. Оқои Атовуллоҳ гуфт, ки мақомоти "Интерпол" ба ӯ имкон додаанд, ки аз интернет истифода барад.
Ҳудуди 2 моҳ қабл низ Додоҷон Атовулло дар роҳ аз Прага ба Маскав аз сӯи мақомоти рус боздошт ва баъди чанд соат дубора ба пойхати Чехия фиристода шуд.

Додоҷони Атовулло, 56 сол дошта, муассиси нашрияи мустақили «Чароғи рӯз» ва аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин тараф дар хориҷ ва умдатан дар Маскав ба сар мебурд. Ӯ ахиран дар шабакаи телевизионии К+ силсилаи барномаҳои интиқодӣ алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро нашр кард. Баъди нашри ин барномаҳо Додоҷони Атовулло тайи тақрибан як моҳи охир дар кишварҳои мухталифи Аврупо қарор дошт. Ӯву наздиконаш иддао кардаанд, ки алайҳаш сӯъиқасд таҳия шудааст ва ӯ ба далоили амниятӣ як муддат аз Маскав ба Аврупо рафтааст.
XS
SM
MD
LG