Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Тайланд вориди Тоҷикистон шуд


Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз сафари расмии нахуствазири Тайланд Йинглак Шинаватра ба Тоҷикистон хабар дод, ки дар нимаи аввали ҳамин рӯз вориди Душанбе шуд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 19 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз сафари расмии нахутвазири Тайланд Йинглак Шинаватра бо мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз хоҳад шуд Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикитон музокираи ҳайатҳои васеъи ду кишвар баргузор хоҳад шуд, ки интизор меравад дар ҷараёни ин сафар чанд санади ҳамкорӣ миёни ду кишвр ба имзо расад. Ҳамчунин хонум Шинаватра дар доираи сафари худ рӯзи 20-уми август дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии масоили об ширкат хоҳад кард. Дар моҳи августи соли 2005 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчубаи як сафари расмӣ ба Тайланд рафта буд Ва пас аз як соли ин сафар дар соли 2006 нахуствазири вақти Тайланд Таксин Шинаватра ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
XS
SM
MD
LG