Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҷаласаи баҳси иттиҳодияҳои фарҳангӣ бо Тутубалина


Нахустин ҷаласаи додгоҳии "Азия плюс" ва рӯзноманигори он Олга Тутубалина бо Иттиҳодияҳои фарҳангӣ дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт оғоз шуд.
Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина рӯзи 19 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҷаласа дар робита ба аризаи шикоятии Иттиҳоидияҳои фарҳангӣ дар нисбати нашрияи «Азия Плюс» ва рӯзноманигори он Олга Тутубалина, идома дорад. Ба гуфти ин вакили дифоъ, "ҷаласаи додгоҳӣ ба он маъност, ки бори аввал тарафҳо рӯ ба рӯ менишинанд ва дар робита ба аризаи шикоятӣ фикру назари худро баён медоранд ва нусхаҳои ариза ба дасти намояндаи «Азия Плюс» супурда мешаванд".

Дар ин баҳси додгоҳӣ даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, ин муассисаро дар ин даъво Фарҳангистони улум, Иттиҳодияҳои рассомону оҳангсозону меъморон ва номзади илми тиб, устоди кафедраи амрози пӯст ва амрози ҷинсии Донишгоҳи тибб Дилбар Абдиева ҳамроҳӣ мекунанд.

Онҳо дар даъвои худ гуфтаанд, матлаби Олга Тутубалина бо номи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») “эътибори касбии як гурӯҳи бузурги мардум, яъне як гурӯҳи иҷтимоиро, ки афроди машғули меҳнати фикрӣ ва дорои маълумоти барои анҷоми ин кор лозим, аз қабили муҳандисон, табибон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, кормандони илму фарҳанг ва ходимони давлатиро фаро мегирад, паст мезанад."

Қаблан, ин иттиҳодияҳо ба Додгоҳи иқтисодии пойтахт алайҳи Тутубалина шикоят оварданда буданд, аммо бинобар ба забони русӣ пешниҳод шудани ариза ва рабт надоштани он ба масоили иқтисодӣ, пас гардонида шуда буд.
XS
SM
MD
LG