Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон нахост, арзёбии IMF нашр шавад


Сандуқи Байналмилалии Пул моҳи гузашта нишондодҳои иқтисодии Тоҷикистонро арзёбӣ кард, вале ҳукумат нахостааст, натиҷаҳои он нашр шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ризоият надодааст, то Сандуқи Байналмилалии Пул натиҷаҳои машварати дуҷониба дар бораи сиёсатҳои иқтисодӣ ва дурнамои сиёсати моливу қарзии кишварро нашр кунад.

Дар баёнияи кӯтоҳи Сандуқи Байналмилалии Пул омадааст, ки рӯзи 19 июли соли равон шӯрои мудирони ин муассиса дар ҷаласаи худ бо мақомоти Тоҷикистон вазъи иқтисодӣ, низоми моливу қарзӣ ва дурнамои онро баррасӣ карданд, вале мақомоти расмии Тоҷикистон ризоият надодаанд, то гузориши комил ва ё баёнияи расмие дар ин замина нашр шавад.

Умдатан баъд аз баррасии истифодаи кӯмакҳои молии Сандуқи Байналмилалии Пул аз тарафи кишваре ва арзёбиҳои мушкилоту пешрафтҳои иқтисодии он кишвар, қароре дар бораи идомаи кӯмакҳои молӣ ва ё қатъи он қабул мешавад. Аммо баъди арзёбии нишондиҳандаҳои моливу иқтисодии Тоҷикистон ва дар рӯзи 19 июл ҳеҷ эълоне дар ин замина нашр нашуд ва зоҳиран Тоҷикистон соли равон дигар аз Сандуқи Байналмилалии Пул қарз нахоҳад гирифт.

Моҳи майи соли 2012 ин муассисаи молӣ барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва дастгирии буҷа тақрибан 162 миллион доллар кӯмаки молӣ карда буд. Охири моҳи апрели соли равон ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул баъди сафар ба Тоҷикистон ва арзёбиҳои вазъи моливу иқтисодӣ эълон кард, ки бо вуҷуди пешрафт ва рушди иқтисодии ҳафтуним дарсадӣ дар соли 2012 ва беҳтар шудани нишондодҳои молӣ, Тоҷикистон ҳанӯз дар баробари тамоюлҳои иқтисодии хориҷӣ бисёр осебпазир боқӣ мемонад.

Гуфта шуд, ки захираҳои арзиву пулии Тоҷикистон кофӣ нест ва кишвар сахт ба пули муҳоҷирони корӣ пойбанд аст. Дигар мушкилӣ, вазъи молии бонкҳои кишвар аз ҷумла “Агроинвестбонк”-ро ном бурданд, ки ҳукумати Тоҷикистон 200 миллион сомонӣ дар ихтиёри он қарор дод.

Ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул моҳи апрел аз Бонки Миллии Тоҷикистон хост, ки аз идомаи кӯмаки молӣ ба “Агроинвестбонк” парҳез кунад ва ҳукумат барои мудирияти он гурӯҳе бо шумули мутахассисони хориҷӣ таъсис диҳад ва масъалаи дигарбора хусусӣ кардани бонк баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG