Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши туркзабонҳо: намоишӣ ё ҳадафмандона?


Рӯзи 16-уми август руасои ҷумҳури Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ва Туркия дар ҷараёни мулоқоти худ дар Қабалаи Озарбойҷон эълон карданд, ки равобити худро таҳким мебахшанд.

Дар ин ҳамоиш Абдулло Гул, Нурсултон Назарбоев, Илҳом Алиев ва Алмазбек Атамбаев-руасои ҷамоҳири ин кишварҳо ширкат доранд. Онҳо хостори густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, маодин, нақлиёт, тиҷорат ва ҳамкориҳо дар бахшҳои ҷаҳонгардиву мухобироти муштарак ва ҳамчунин хостори сохтмони роҳи оҳан аз Туркия то ба Қошғари Чин таввасути Осиёи Миёна шуданд.

Ҳоло раёсати давраии созмони кишварҳои туркзабон аз Қирғизистон ба Озарбойҷон гузашт. Ин созмон соли 2009 ташкил шуда буд ва Узбакистону Туркманистон ба узвияти он надаромадаанд. Дар мусоҳибае бо Алексей Малашенко, ҳамраиси барномаҳои Маркази Корнегӣ дар Маскав нахуст аз вай пурсидем, то чӣ андоза ҳамкориҳои ин кишварҳо метавонад самарбахш бошад, дар ҳоле, ки ду кишвари туркзабон Узбакистону Туркманистон ва як кишвари форсизабони минтақа Тоҷикистон дар ин гурӯҳ нестанд?

Малашенко: Ман фикр мекунам, ки худи ин созмон ва мулоқоти онҳо хусусияти намоишӣ дорад. Ба баргузории ин гуна мулоқотҳо кӣ алоқаманд аст? Ман фикр мекунам, ки Туркия бештар онро мехоҳад, то ба наҳве нақшаҳои баландпарвозонаи худро дар ҷаҳони туркзабонҳо татбиқ кунад. Ин нутаи аввал аст. Нуктаи дуввуми ин аст, ки Озарбойҷон ба ин кор чандон алоқа надорад, зеро ин кишвар имрӯз бозиҳои комилан дигарро пеш мебарад. Ба назарам Қирғизистон бештар хостори чунин ҳамкориҳо мебошад, зеро ин кишвар умед дорад, ки Туркия ба онҳо кӯмакҳои иқтисодиву молӣ медиҳад. Туркия ҳам ин кӯмакҳоро дар ихтиёри онҳо гузоштааст. Гузашта аз ин, ҳамкориҳои онҳо дар чаҳорчӯбаи ин созмон ба равандҳои ҷаҳонӣ таъсир намегузорад ва хусусияти минтақаву хусусӣ дорад.

Озодӣ: Ин кишварҳо мехоҳанд, ки аз Туркия то ба Қошғари Чин роҳи оҳан созанд, дар ҳоле, ки дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ин роҳҳо вуҷуд дорад, вале дар ҳамлу нақли коло мухолифатҳо низ мушоҳида мешавад. То чӣ андоза ин нақша иҷро шуданист?

Малашенко: Аввал, бояд чунин нақшаҳо бо диққат баррасӣ шаванд. Дуввум, агар ин роҳ то ба Қошғар равад, ба ин барнома Чин чӣ гуна муносибат мекунад? Ин нақша ҳам намоишӣ ба назар мерасад. Бубинед, Озарбойҷон ва Қирғизистон ҳаммарз нестанд. Дар байни ин чаҳор кишвар кишварҳои дигар низ ҳастанд. Дар ин минтақа Чин фаъолияти бештар мекунад.

Озодӣ: Чӣ фикр мекунед, чаро Узбакистон ва Туркманистони туркзабон ба ин созмон дохил нашуданд?

Малашенко: Барои ман дар бораи сабаби он, ки чаро ба он дохил нашудаанд, чизе гуфтан мушкил аст. Вале ман фикр мекунам, ки Узбакистон нақшаҳои худро дорад ва нақшаҳояш баландпарвозона аст ва фақат манофеи миллии худро дар назар мегирад. Ба масъалаҳои минтақаӣ ва бештар аз ин ба масъалаи кишварҳои туркзабон таваҷҷуҳ надорад. Имрӯз ин кор барои Узбакистон манфиат намеорад. Вале барномаҳои Туркманистон рӯшан нест ва ба тарҳҳои дигар таваҷҷуҳ дорад. Нақшаҳои кишварҳои туркзабон ба куҷо хоҳад расид, ҳоло ба касе маълум нест.
XS
SM
MD
LG