Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи "Оё ҷавон будан мушкил аст?" дар Душанбе


Аз 17 то 24 август, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони "Оё ҷавон будан мушкил аст?" намошгоҳи санъати актуалӣ баргузор мешавад. Дар ин намоишгоҳ корҳои ғайрикасбии ҷавонон дар шакли аксу расмҳо видео ва гарфикаи рақамӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд ва ҳамчунин мубоҳисаҳои оммавӣ ва ҳамоишҳои театрӣ бо ширкати фаъолон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон доир мегардад.

Дастандаркорони чорабинии мазкур мегӯянд, бо воситаи пешниҳоди дидгоҳи алтернативӣ ба мушкилоти ҷавонон тариқи санъати муосир, мехоҳанд таваҷҷӯҳи онҳоро ба ин навъи эҷодиёт бедор созанд. Аз сӯи дигар интизороти мубтакирони намоишгоҳ, ба таври нав дарк кардани нақши ҷавонон дар кишвар будааст.

Фаррух Кузиев, пажӯҳишгар, рассом ва корсози ин намоишгоҳ мегӯяд, то имрӯз чунин намоишгоҳ дар шаҳрҳои Хуҷанду Қӯрғонтепа баргузор гардид ва инак навбат ба пойтахт расидааст. Фаррух Кузиев дар сӯҳбат бо Озодӣ дар ин замина гуфт, «Дар асл бигирем, мо мехостем диққати худро ба мафҳуми тафриқа миёни ҷавонон равона созем, ки он дар натиҷаи нобаробарии иқтисодӣ ба амал меояд. Зеро ҳоло мо ҷавононеро дорем, ки ҳамаҷониба зиндагияшон таъмин аст, аз ҷиҳати иқтисодиву тафреҳ камбудӣ надоранд. Ва ҳамчунин ҷавононе, ҳастанд, ки дар рустоҳо ба сар мебаранд ва бинобар мушкилоти иқтисодӣ, ба сафи муҳоҷирони дохилӣ мепайванданд ва ба шаҳрҳои калон меоянд. Ва ҳамин нобаробарии иқтисодӣ дар шаҳрҳо барои наздик шудани ин ҷавонон монеъ эҷод мекунад ва як мақcади мо низ инъикоси ҳамин маcъала буд. Зеро он тавофутҳое, ки имрӯз ҷавонон дар бораи он мегӯянд, рӯякӣ ва ба таври сунъӣ сохта шудаанд.»

Фаррух Кузиев мегӯяд, дар ин баробар корҳои зиёди пажӯҳишӣ низ дар ин намоишгоҳ ба маъраз гузошта мешавад ва барои онҳо ҷолиб аст, ки бинандаҳо чӣ гуна аз идеяҳои онҳо истиқбол хоҳанд кард. Аз сӯи дигар, ин мусоҳиби мо мегӯяд, дар кортҳои махсус навиштаҳо ва андешаҳои мутаффакирони бузурги гузашта ҷой дода шудаанд, ки онҳо дар ҷаҳони муосир, ки асри фановариҳост, фаромӯш шудаанд ва ё ба назар нарасидаанд. Фаррух гуфт, «аммо аз нигоҳи мо, афзоиш ва рушди мубодилаи иттиллотӣ тариқи интернет дар асл ҷомеаро ҳушманд намесозад, балки таъсираш ба нутқи онҳо бештар аст. Аз ин хотир, гумон мекунам ин ҳам яке аз мушкилотест, ки мо ба он дахл намудем..»
Ба гуфтаи Фаррух Кузиев, агар чунин намоишгоҳҳо пайваста ташкил шаванд, ба маротиб муассиртар хоҳад буд. Гуфта мешвад, дар рӯзи баргузории ин намоишгоҳ, аз соати 17 то 19-и бегоҳ барои тамошобинон даромадан озод ва ройгон аст.
XS
SM
MD
LG