Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Искандари Фирӯз ба Бӣ-Бӣ-Сӣ бармегардад


Искандари Фирӯз
Искандари Фирӯз

Хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ Искандари Фирӯз, ки 11 моҳ қабл бар асари садамаи автомобилӣ ҷароҳати сангин бардошта буд ва ҳоло саломатиаш барқарор шудааст, авоили ҳафтаи оянда сари кор бармегардад.

Искандари Фирӯз рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба тозагӣ аз Эрон пас аз ташхиси ҳамаҷонибаи саломатиаш баргашта ва феълан худро хуб ҳис мекунад, асобағалҳояшро канор гузошта, ният дорад рӯзи 19-уми август ба Дафтари Бӣ-Бӣ-Сӣ барои идомаи фаъолияи журналистӣ баргардад.

Оқои Искандари Фирӯз дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, «тайи ду ҳафтаи ахир пизишкҳо дар як беморхонаи Эрон вазъи мағзи сар, косахонаи сар, чашмҳо, бинӣ, ҷигар, ва пойҳоямро санҷиданд ва ва машварат доданд, ки метавонам ба фаъолияти журналистиам баргардам.»

Искандари Фируз мегӯяд, ки ҳам Бӣ-Бӣ-Сӣ ва ҳам хабарнигорону ҳаёти журналистиро сахт пазмон шудааст дар давраи табобати 10 моҳа ҳеҷ гоҳ аз матбуот дур набудааст ва ҳамеша сомонаи «Озодӣ», «Азия плюс» ва дигар рӯзномаву нашрияҳоро мутолиаа мекардааст. Вай ба тамоми ҳамкасбони худ изҳори ташаккур кард, ки дар ин рӯзҳои барояш сангин ҳамеша дар канори вай будаанд ва ҳамеша аз сарнавишит вай муроқибат мекардаанд.

Искандари Фирӯз шаби 9-уми октябри соли гузашта ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншер дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, чанд муддат дар ҳолати кома ё беҳушӣ дар бемористони Қарияи Боло қарор дошт. Баъд аз он, ки вай ба ҳуш омад, ӯро барои ҷарроҳии пойҳояш, ки дар вақти садама осеб дида буданд, ба бемористони Ибни Сино оварданд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар оғоз гуфтанд, ки дар ин қазия Айёмиддин Раҳмиддинзода муттаҳам аст. Баъдан, онҳо номи Насрулло Шарифовро баён доштанд, ки бидуни ваколатнома, худрави Айёмиддинро идора мекард ва ба садама дучор шудааст.

Моҳи декбари соли 2012 додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Насрулло Шарифовро дар садамаи Искандари Фирӯз муттаҳам дониста, ӯро ба се солу се моҳ дар "колонияи сукунатӣ" ҳукм кард. Наздикони Искандари Фирӯз ин ҳукмро "оддӣ" хонданд ва вакили дифои ӯ хост, барои нафари зери ҳимояаш беш аз 90 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт шавад.
XS
SM
MD
LG