Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аҳдномаи нонавишта"-и байни раҳбарон ва соҳибкорон


Як сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод мегӯяд, дар ивази ваъдаи қитъаи замин аз тарафи раисони ҷамоат ва ноҳия ба ду пиразан дар ин деҳа хона сохтааст, аммо то ҳол соҳиби замин нашудаст.

Сабзалӣ Саидов, сокини деҳаи Заркамар мегӯяд, дар оилаи онҳо чаҳор келин бо 20 нафар кӯдакҳояшон якҷо зиндагӣ мекунанд ва ӯ ду сол пеш ба шӯрои ҷамоат ариза дода буд, ки барои бунёди манзил барояш қитъа диҳанд.

Аммо ба ӯ замин надоданд, вале якуним сол қабл раиси ҷамоати Мискинобод ба вай пешниҳод кардааст, ки агар ба Файзӣ ва Иззатмоҳ ном занони бекасу танҳо дар ҳамин деҳа хона бунёд кунад, соҳиби замин хоҳад шуд: «Ман ба онҳо гуфтам, пули хона бунёд кардан надорам. Вале гуфтанд, аз куҷое хоҳӣ, қарз бигиру хона бунёд кун, замин мегирӣ. Ман аз як зани тоҷир чор ҳазор доллар қарз гирифта, панҷ коргар киро карда, бо онҳо ин хонаҳоро пӯшондам. Вале инак, якуним сол мешавад, ба ман замин намедиҳанд ва раиси ноҳия мегӯяд, ки «касе, ки хона сохтаст Худо савобаш»-ро медиҳад.»

Сабзалӣ меафзояд, якуним сол инҷониб дари раиси ҷамоатро мекӯбад, вале бефоида. Вай мегӯяд худашро фиребхӯрда эҳсос мекунад, чунки даҳҳо нафар аз ҳамдеҳагонаш дар ин муддат соҳиби замин шуданд, вале ба ӯ то ба ҳол замин ҷудо карда нашудааст.

Абдулҳамид Шоев, раиси ҷамоати Мискинободи ноҳияи Файзобод дар як сӯҳбати телефонӣ бо РО рӯзи 14-уми август гуфт, Сабзалӣ танҳо дар сохтмони хона ба ду пиразан дар Заркамар ширкат кардааст: «Вай худаш ҳамроҳи чанд устои лойзани дигар дар ҳамин сохтмони хонаи ду пиразан, ки яке бемори рӯҳӣ ва дигар маъюб буданд, ширкат карда буд. Аммо вай барои хариди хишт ва дигар маводи сохтмонӣ пул масраф накардааст. Ин ду манзилро ҷамоат бо кӯмаки дигар соҳибкорон бунёд кардааст. Ин гапҳои вай асос надоранд.»

Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Шоев афзуд, ки Сабзалӣ ҳамроҳи бародараш дар рӯйхати афроди эҳтиёҷманд ба замин номнавис шудаанд ва дар мавриди содир шудани қарори ҳукумат барои тақсими замин ба онҳо замин дода хоҳад шуд.
Аммо Сабзалӣ исрор меварзад, ки ӯ барои бунёди ин ду манзил чор ҳазор долларро чун ҳаққузаҳмати устоҳо ва маводи сохтмонӣ аз ҷумла хишту бомпӯшҳо масраф кардааст ва мардуми деҳа шоҳиди ин коранд.

Сабзалӣ Саидов иддао дорад, ки аз маблағи шахсии худ барои ду пиразан манзил бунёд кардааст.
Сабзалӣ Саидов иддао дорад, ки аз маблағи шахсии худ барои ду пиразан манзил бунёд кардааст.
Ба гуфтаи Сабзалӣ, вай аз Гулнора Солиева ном зани тоҷир, ки ба ивази фоида ба афроди шинос ва боваринокаш қарз медиҳад, пул гирифта, ин хонаро бунёд карда буд. Хонум Гулнора, ки худ дар шаҳри Ваҳдат мезистааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Сабзалӣ воқеан аз ӯ чор ҳазор доллар ба шарти даҳ сомонӣ суд бар сари ҳар сад доллар қарз гирифта буд. Ба таъкиди ин хонум, то ба ҳол Сабзалӣ нисфе аз ин пулро баргардонида, дар пардохти бақияаш таъхир дорад.

Гуфта мешавад, дастури бунёди манзилро ба Файзӣ ва Иззатмоҳ, сокинони деҳаи Заркамар, ки ҳар ду бекасу танҳо ва бемор будаанд президент ба раиси ноҳияи Файзобод ва ҷамоати он дода будааст.

Зимнан, ин ҳодисаи ягонае нест, ки мақомоти маҳаллӣ бо сӯистифода аз мансаб сокинон ва соҳибкоронро барои бунёди ягон иншоот, баргузории хатнасури ятимон ва ё ҷуброни харҷи пешвози президент ба ноҳия маҷбур мекунанд.

Ахиран дар ноҳияи Шаҳритус яке аз кормандони созмонҳои ғайридавлатӣ ба расонаҳо шикоят карда буд, ки раиси ин ноҳия Ҷумъахон Сафаров ӯ ва дигар соҳибкорони ноҳияро маҷбур кардааст, ки яктогӣ планшет харидорӣ кунанд, то президент ҳангоми сафараш ба ин ноҳия ба ятимону ҷавонони фаъол туҳфа кунад. Ҳарчанд чунин мавридҳо зиёд иттифоқ меафтанд, танҳо бархе аз соҳибкорон садои шиква баланд мекунанд. Аз сӯйи дигар, мансабдорон вақте ба онҳо амру дастур медиҳанд, фикр намекунанд, ки ба бизнеси онҳо чӣ зиён ворид мешавад ва онҳо барои пӯшондани харҷи пешбининашуда бояд чӣ кор кунанд.

Таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, бар дӯши соҳибкорон ва афроди алоҳида вогузор кардани ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ аз ҷониби мақомот дар Тоҷикистон ба як раванд бадал шудааст. Ба ақидаи ӯ, ин ҳолат бе сабаб нест: «Ҳукумат хеле хуб медонад, ки ин ё он соҳибкор бо қонун чӣ мушкилот дорад. Дар сурате ки ин соҳибкор аз гуфтаи мақомот сарпечӣ кунад, ҳатман ба мушкилоти ҳуқуқӣ гирифтор мешавад. Ҳамин тавр миёни соҳибкорон ва ҳукумат ҳамин гуна статус- кво вуҷуд дорад ва ҳар ду ҷонибро ҳамин шароит қонеъ мекунад.»

Аммо ҷаноби Мирзо мегӯяд, дар Тоҷикистон мақомот ҳангоми ҳалли мушкили ин ё он нафари алоҳида фикр намекунанд, ки ин мушкили танҳо вай ҳаст ва ё аз нафарони зиёд ва бо ҳалли мушкили фарди муроҷиаткарда иктифо мекунад.

Қаблан ҳатто муаллимони бархе аз ноҳияҳо ба президент Раҳмон шикоят бурдаанд, ки мақомоти ноҳия харҷи пешвози президент ба минтақаҳоро аз ҳисоби маоши бе ин ҳам ночизи эшон ҷуброн мекунанд. Номи бархе аз мансабдорон низ расонаӣ шудааст, ки бо пулситонӣ аз мардум маъракаи бошукӯҳи пешвози президентро роҳандозӣ ва мушкилоти мавҷудаи минтақаи худро ҳал мекунанд.
XS
SM
MD
LG