Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Тоҷикистон бар Ҳинд бо ҳисоби 3:0


Рӯзи 14-уми август дар шаҳри Хуҷанд бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор шуд.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” барпо гашт, бо пирӯзии мизбонон – футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт. Голҳоро Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев дар нимаи аввали бозӣ ва Аҳтам Ҳамроқулов дар вақти изофӣ ба ҳадаф расонданд.

Ин аввалин бозии расмии мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, буд.

Инчунин ин чаҳорумин бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон ба шумор мерафт. Ба ин тартиб, дар ду бозӣ футболбозони тоҷик, дар як бозӣ футболбозони Ҳинд ғалаба кардаанд ва як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфтааст.

Бояд гуфт, ки феълан дар рейтинг ё феҳристи FIFA мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 114-ум ва тими миллии Ҳиндустон дар мақоми 145-ум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG