Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар сабқати ҷаҳонии гурзандозӣ панҷум шуд


Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Маскави Русия мақоми панҷумро касб кард.

Дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо аз рӯи натоиҷи ба даст овардаашон дар сабқати интихобӣ ба финал баромаданд. Сабқати ниҳоии гурзандозӣ шаби душанбеи 12-уми август баргузор шуд.

Дилшод Назаров дар даври ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78 метру 31 сантиметр ҳаво дод ва дар ҷойи панҷум қарор гирифт. Ёдовар мешавем, ки натиҷаи дар даври интихобӣ нишондодаи ӯ 77 метру 93 сантиметр буд.

Павел Фаҷдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 81 метру 97 сантиметр, ки беҳтарин натиҷаи мавсими имсола аст, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Кристиан Парш, қаҳрамони Олимпиадаи Лондон ва барандаи медали нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии ҷаҳон, бо натиҷаи 80 метру 30 сантиметр дувум шуд ва боз медали нуқра гирифт.

Лукаш Мелих аз Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79, 36 метр севум шуд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Натоиҷи ба даст овардаи ширкаткунандагони даври ниҳоӣ чунин аст:

1. Павел Фаҷдек (Лаҳистон) – 81, 97 метр
2. Кристиан Парш (Маҷористон) - 80, 30 метр
3. Лукаш Мелих (Ҷумҳурии Чех) - 79, 36 метр
4. Примус Космус (Словения) – 79, 22 метр
5. Дилшод Назаров (Тоҷикистон) – 78, 31 метр
6. Коҷӣ Мурофишӣ – (Ҷопон) – 78, 03 метр
7. Никола Виззонӣ (Италия) – 77, 61 метр
8. Марсел Ломники (Словакия) - 77, 57 метр
9. Симон Зиолковски (Лаҳистон) - 76, 84 метр
10. Маркус Эссер (Олмон) – 76, 25 метр
11. Сергей Литвинов (Русия) – 75, 90 метр
12. Юрий Шайнов (Булғористон) – 73, 68 метр

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Маскав Тоҷикистонро ду нафар намояндагӣ карданд. Дар ин мусобиқа ба ғайр аз гурзандоз Дилшод Назаров даванда Владислава Овчаренко ширкат дошт. Вале ӯ дар давидан ба масофаи 200 метр дар даври интихобӣ ноком шуд ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум гашт.
XS
SM
MD
LG