Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 тан дар таркише дар Ироқ


Як бамгузори маргталаб дар шаҳри Балад-воқеъ дар 80 километрии шимоли Бағдод худро мунфаҷир ва дастикам 13 нафари дигарро ба қатл расонд. Ин ҳамлаи маргталабона, ки рӯзи душанбе дар қаҳвахонаи пуродам рух дод, бештар аз 10 нафари дигарро захмӣ бар ҷой гузошт.

Дар давоми моҳи Рамазон шӯришиён дар қаҳвахонаҳо даҳҳо ҳамла анҷом доданд. Ин ҳамлаҳо замоне сурат гирифтаанд, ки рӯзадорон барои ифтор дар қаҳвахонаҳо ҷамъ мешуданд.

Дар давоми моҳи Рамазон ҳамчунин ба зиндоне ҳамла сурат гирифт ва аз он ҷо садҳо нафар зиндониён фирор карданд. Масъулияти ҳамла ба зиндонро афроди ал Қоида бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG