Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати фарҳанг ҳафтаномаи «Наҷот»-ро огоҳӣ дод


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сардабири нашрияи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозодаро огоҳ кард, дар як матлабаш аз рӯзи 25 июл ба нақзи ду банди Қонуни матбуот роҳ дода, маълумоти носаҳеҳ ва туҳматомез ба нашр расондааст. Ин ниҳоди давлатӣ гуфтааст, дар сурати такрор шудани «суиистифода аз озодии баён» вазорат дар доираи қонун даст ба тадбир хоҳад зад. Бино бар қонун Вазорати фарҳанги Тоҷикистон метавонад, расонаҳои ахбори омро аз хилофкорӣ ҳушдор диҳад ва дар ҳолати такрори он аз Вазорати адлия лағви иҷозатномаи нашр ё пахши ин расонаҳоро дархост кунад. Сардабири нашрияи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, огоҳии вазорат ба матлабе зери унвони "Хоруғ" дахл дорад, аммо дар он ҳеҷ мавриди нақзи қонун сурат нагирифтааст. Вай ин огоҳиро "як навъ фишор ба ҳафтанома ва ба фаъолияти рӯзноманигорӣ"-и худ номид. Ҳафтаномаи "Наҷот" нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG