Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров ба сабқати ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт


Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Маскави Русия ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар сабқати гурзандозӣ дар даври интихобӣ 29 варзишгар дар ду гурӯҳ рақобат карданд. Дилшод Назаров дар гурӯҳи «В» гурзро ба масофаи 77 метру 93 сантиметр ҳаво дод ва мақоми дувумро касб намуд.

Дар ин гурӯҳ Примус Космус аз Словения бо натиҷаи 78 метру 10 сантиметр ғолиб шуд. Сергей Литвинови русиягӣ бо натиҷаи 77, 41 метр дар мақоми севум қарор гирифт.

Дар гурӯҳи «А» Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 79 метру 06 сантиметр ҷойи аввалро гирифт. Лукаш Мелич аз Ҷумҳурии Чех (78, 52 метр) дувум ва Марсел Ломники аз Словакия (76, 97 метр) севум шуданд.

Дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо аз рӯи натоиҷи ба даст овардаашон ба финал баромаданд:

1. Кристиан Парс (Маҷористон) - 79, 06 метр
2. Лукаш Мелич (Ҷумҳурии Чех) - 78, 52 метр
3. Примус Космус (Словения) – 78, 10 метр
4. Дилшод Назаров (Тоҷикистон) – 77, 93 метр
5. Сергей Литвинов (Русия) – 77, 41 метр
6. Марсел Ломники (Словакия) - 76, 97 метр
7. Симон Зиолковски (Лаҳистон) - 76, 85 метр
8. Коҷӣ Мурофишӣ – (Ҷопон) – 76, 27 метр
9. Павел Фаҷдек (Лаҳистон) – 76, 17 метр
10. Маркус Эссер (Олмон) – 75, 90 метр
11. Никола Виззонӣ (Италия) – 75, 38 метр
12. Юрий Шайнов (Булғористон) – 75, 18 метр

Сабқати ниҳоии гурзандозӣ рӯзи душанбеи 12-уми август соати 20:30 ба вақти Маскав шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG