Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лубнон ду ходими ширкати туркиро рабуданд


Ходимони амниятии Лубнон мегӯянд, силоҳбадастон ду узви экипажи ширкати ҳавоии Туркияро рабудаанд.

Ба гуфти онҳо чор силоҳбадаст автобуси ширкати ҳавоии Туркияро ҳангоми ҳаракат аз фурудгоҳ мутаваққиф намуда, ду пилот ё худ халабонро ҳамроҳ бо худ бурдаанд.

Силоҳбадастон ба дигар мусофирони автобус таваҷҷӯҳ надоштаанд. То ҳол касе масъулияти ин одамрабоиро бар дӯш нагирифтааст. Баъзе шореҳон тахмин мекунанд, ки одамрабоӣ шояд бо низоъ дар Сурия ва рабоиши нуҳ мусулмони шиамазҳаб дар Сурия, ки соли гузашта ба вуқӯъ пайваста буд, робита дорад.

Туркия аз ошӯбгарони Сурия пуштибонӣ мекунад. Гурӯҳҳои шиамазҳаби Лубнон бошад, тарафдори режими президенти Сурия Башор ал-Асад мебошанд.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия мегӯяд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятии Лубнон вазъро пайгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG