Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нахуствазири Миср ба нишасти эътирозии ҷонибдорони Мурсӣ


Ҳозим Бебловӣ
Ҳозим Бебловӣ
Нахуствазири давраи гузори Миср мегӯяд, тасмим дар бораи парканда сохтани нишасти эътирозии ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури барканоршуда ниҳоист. Телевизиони давлатӣ рӯзи чаҳоршанбе аз номи нахуствазир Ҳозим Бебловӣ гуфт, ки таҳаммули ҳукумат “дар ҳоли поён ёфтан” аст.

Бебловӣ дар изҳороте гуфт, “мо акнун бори дигар аз онҳо дархост мекунем, ба зудӣ ба хонаву ҷои кори худ баргарданд”. Вай гуфт, ҳукумат ба хотири моҳи шарифи Рамазон ба истифодаи ниру мухолифат нишон дод ва моҳи Рамазон рӯзи чаҳоршанбе ба поён расид.

Баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури исломгаро аз тарафи низомиён ҷонибдорони вай дар майдонҳои Наҳдо ва Рабои Қоҳира тазоҳуроти эътирозӣ созмон доданд. Эъломияи Бебловӣ дар ҳоле пахш шуд, ки раёсати ҷумҳурии Миср изҳор дошт, ки талошҳои байналмиллалӣ барои поён додани бӯҳрони сиёсии Миср натиҷа надод ва барои ин нокомӣ Ихвонулмуслимини Муҳаммад Мурсиро гунаҳгор донист.
XS
SM
MD
LG