Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 медали варзишгарони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии таэквондо


Дастаи мунтахаби таэквондо ИТФ-и Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Софияи Булғористон соҳиби 11 медал (2 нуқра ва 9 биринҷӣ) гардид.

Ба иттилои Федератсияи таэквондо ИТФ ва кикбоксинги Тоҷикистон дар ин мусобиқоти ҷаҳонии бузургсолон, ки барои бори 18-ум баргузор шуд, 450 варзишгар аз 58 кишвар ширкат доштанд. Шарафи Тоҷикистонро 17 нафар ҳимоя карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи 10-ум қарор гирифт. Дастаи Куриёи Шимолӣ (21-4-3) мақоми аввал, мунтахаби Русия (4-9-3) мақоми дувум ва тими Украина (3-5-11) мақоми севумро касб карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Бахтиёр Абдуллоев дар техникаи махсус байни мардон ва Меҳрангез Алиева дар машқҳои маҷмӯӣ миёни занон бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд .

Варзишгарони тоҷик Ҳасани Ҳаким (спарринг, то 51 кг), Алишер Аҳмадов (спарринг, то 57 кг), Парвизи Муродзода (спарринг, то 64 кг ва машқҳои маҷмӯӣ), Муҳаммад Наимов (спарринг, то 71 кг) ва Ганҷина Ҳабибуллоева (спарринг, то 57 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Инчунин дар сабқати дастаӣ байни мардон мунтахаби Тоҷикистон (Алишер Аҳмадов, Парвизи Муродзода, Муҳаммад Наимов, Фарҳод Шарифӣ, Хушмаҳмад Пиров, Беҳрӯз Набиев, Садриддин Ёқубов) дар машқҳои маҷмӯӣ, техникаи махсус ва спарринги дастаӣ соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби таэквондо ИТФ-и Тоҷикистон ду сол пеш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Пхеняни Куриёи Шимолӣ бо касби 13 медал, аз он ҷумла ду нишони тилло, дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тимҳои Куриёи Шимолӣ ва Русия дар ҷои севум қарор гирифта буд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Далер Тӯраев дар байни мардон дар вазни то 85 кг (спарринг) ва Сабина Тағойназарова дар сабқати занон дар вазни то 48 кг дар машқҳои маҷмӯӣ медалҳои тилло ба даст оварда буданд.
XS
SM
MD
LG