Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз шаш то ҳаштуним соли зиндон ба муттаҳамони "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ"


Додгоҳи Исмоили Сомонӣ муттаҳамони парвандаи марбут ба "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ"-ро мутаносибан ба 6,6 ва 8,6 соли зиндон маҳкум кард.

Хусрав Раҳимов, додраси Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми июл эълом кард, ки "додгоҳ Олим Ғуломовро бо моддаи 36, қисми 5 ва 187, қисми 2, яъне иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ ва ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ ва Ҷӯрахон Икромовро бо моддаи 307/ 3, қисми 2 барои узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон муҷрим шинохт."

Ҷаноби Раҳимов афзуд, ки "бо дар назар гирифтани иттиҳоми ворида, додгоҳ Олим Ғуломовро ба 8, 6 сол ва Ҷӯрахон Икромовро ба 6, 6 соли зиндон маҳкум кард". Ин дар ҳолест, ки қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Олим Ғуломов 11 сол ва барои Ҷӯрахон Икромов 6, 6 сол зиндонро тақозо карда буд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00
Линки мустақим


Ҳамакнун вакилони дифои айбдоршавандаҳо дар парвандаи "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ" ҳукми додгоҳро ноодилона арзёбӣ карда ва гуфтаанд, ки ба додгоҳи таҷдид назар шикоят хоҳанд бурд.

Ҳукми додгоҳ нисбати ин ду тан дар ҳоле содир мешавад, ки онҳо дар нимаи аввали рӯзи ҷумъа бо ироаи сухани охирони худ гуфтаанд, ки онҳо гуноҳе содир накардаанд ва бояд сафед ва озод шаванд. Олим Ғуломов аз ҷумла гуфт, ки "30 боз наҳзатӣ ҳастам ва дар ин муддат ташвиқи ҳизби наҳзатро кардаам ва ба тероризм ягон алоқа надорам".

Вай гуфт, ки "сафар ба Покистон танҳо ба хотири фарзандонам буд, то онҳоро ба ватан биорам. Зеро онҳо шаҳрванди Тоҷикистон буданд ва ҳар падари дигаре, ки дар ҷои ман мебуд, чунин рафтор мекард. Мақомот бояд маро барои ин кораам на муҷозот, балки таҳсин кунад, ки ду шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Покистон бозгардонида овардам".

Наздикони айдоршавандаҳо дар парвандаи "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ" дар назди бинои додгоҳ.
Наздикони айдоршавандаҳо дар парвандаи "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ" дар назди бинои додгоҳ.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин Олим Ғуломов мегӯяд, иттиҳоми ворида алайҳаш тӯҳмат аст ва ӯ аз додраси парванда хост, то сафедаш кунанд: "Маро сафед кунед ва дар ҳаққи шумо ва раиси ҷумҳур дуо мекунам. Агар камбудие аз мо гузашта бошад, ҳатман ислоҳ хоҳам кард ва барои миллату давлати Тоҷикистон ҳамеша омодаи хизматам."

Ҷӯрахон Икромов, муттаҳами дигар низ гуноҳкор буданашро рад кард ва гуфт, ки ҳеҷ гуна алоқае бо ҷавонони кушта шуда дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО дар Вазиристони Шимолӣ надорад ва танҳо амак асту халос. Вай гуфт, ки "албатта ба тақдир тан медиҳам, чун тақдир аз Худованд аст, вале шумо додраси муҳтарам нисбати мо ҳукми одилона бароред". Ба ин далел Ҷӯрахон Икромов низ хоҳиш озод шуданашро аз додгоҳ талаб намуд.

Пас аз шунидани сухани охирини айбдоршавандаҳо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ танаффуси кӯтоҳ эълон шуд ва қарор аст, соати 16.00 ба вақти Душанбе ҳукми додгоҳ нисбати ин ду нафар садо диҳад. Тақозои муттаҳамони парвандаи "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ" барои озодшавӣ дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи душанбеи 22 июл аз додгоҳ барои Ҷурахон Икромов 6.5 ва барои Олим Ғуломов 11 соли зиндонро талаб кард.

Вай Олим Ғуломов бо моддаи 36, қисми 5 ва 187, қисми 2, яъне иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ ва ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ ва Ҷӯрахон Икромовро бо моддаи 307/ 3, қисми 2 барои узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон муттаҳам донист.

Зимнан, айбдоршавандаҳо Олим Ғуломов, хусур ва Ҷӯрахон Икромов, амаки Дилшоди Косонӣ, ҷавони 33-солае мебошанд, ки мехост дар Афғонистон зидди нерӯҳои НАТО биҷангад ва моҳи августи соли гузашта ҳамроҳ бо боҷааш Равшан Нуриддинов ва се шаҳрванди дигари Тоҷикистон бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Вазиристони Шимолӣ кушта шуданд.

Гуфта мешавад, ки Олим Ғуломов ва Ҷӯрахон Икромов "қурбон" - и ҷинояти содиркардаи домод ва ҷиянашон шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз расман эълон нашудааст, ки Дилшоди Косонӣ ва Равшан Икромов мурдаанд ё зинда. Зеро ягон далели мушаххас дар мавриди марги Дилшоди Косонӣ ва Равшан Нуриддинов дар даст нест. Дар ҳар сурат, ба ЗАГС ё идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоти дигари дахлдор хатти вафоти ин ҷавонон дастрас нашудааст.
XS
SM
MD
LG