Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон Малоларо ба Покистон даъват кардаанд


 Малола Юсуфзай
Малола Юсуфзай
Як толиби баландпояи ҷангҷӯй аз Малола Юсуфзай даъват кардааст, ки аз Британия ба зодгоҳаш шаҳри Мингораи водии Сувоти вилояти Хайбар Пахтунхвои Покистон баргашта, таҳсил дар мадрасаи занонаи маҳаллиро давом диҳад.

Аднон Рашид рӯзи чоршанбе паёме нашр намуда, исрор варзидааст, ки Толибон мухолифи таҳсили духтарон нестанд.

Рашид навиштааст, ки Толибон мехостанд Малоларо ба қатл расонанд, зеро бовар доштанд, ки ҳадаф аз маъракаи тарғиби ӯ барбод додани кӯшишҳои бунёди низоми исломӣ дар водии Сувот будааст.

Малола дар шаҳри Мингора баъди дарс ҳангоми баргашт ба хона аз сараш тир хӯрда буд.

Ҳафтаи гузашта дар рӯзи 16-солагиаш Малола аз минбари СММ гуфт, ки Толибон натавонистанд, даҳони ӯро бубанданд.

Малола даъват кард, ки кишварҳои олам баҳри таҳсили саросарии кӯдакон талоши бештар ба харҷ диҳанд.
XS
SM
MD
LG