Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден дар Шереметево бо ҳомиёни ҳуқуқ вомехӯрад


Акси Эдвард Сноуден дар яке аз лавҳаҳои тарғиботии Ҳонг Конг
Акси Эдвард Сноуден дар яке аз лавҳаҳои тарғиботии Ҳонг Конг
Собиқ ходими қарордодии идораи ҷосусии ИМА Эдвард Сноуден ҳомиёни ҳуқуқи башарро ба мулоқот даъват кардааст.

Тибқи ахбори расида Сноуден, ки бо ифшои барномаҳои пинҳонии назорати ИМА муттаҳам мешавад, дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Шереметевои Маскав банд мондааст.

Ӯ 23-уми июн аз Ҳонг Конг ба Маскав омада буд. Тахмин мешавад, ки дар ин мулоқот Сноуден расман аз Русия паноҳгоҳи сиёсӣ талаб хоҳад кард.

Президенти Русия Владимр Путин гуфтааст, ки Сноуден бояд паноҳгоҳашро интихоб намуда, ба зудтарин фурсат озими ҳамон кишвар шавад.

Венесуэла, Боливия ва Никарагуа мегӯянд, ҳозиранд ба Сноуден паноҳгоҳи сиёсӣ диҳанд.
XS
SM
MD
LG