Сандуқи байналмилалии пул бо ишора ба рукуд дар Аврупо ва суст шудани суръати рушди иқтисодӣ дар кишварҳои шабеҳи Чину Бразилия иброз доштааст, ки то охири соли 2014-ум рушди ҷаҳонӣ заифтар хоҳад шуд.
Дар пешбиниҳое, ки Сандуқ як моҳ қабл нашр карда буд, соли равон рушди саросарӣ ба 3,3 дар сад баробар буд. Ҳоло таъкид шудааст, ки рушди саросарӣ аз 3,1 дар сад бештар нахоҳад буд.
Дар баробари сустшавии рушди Чину Бразилия ва рукуди Аврупо Сандуқ изҳор намудааст, ки коҳиши хароҷоти ҳукумати ИМА ва хатми барномаи кумак ба рушди иқтисодӣ, ки дар Амрико бо номи стимулус маъруф мебошад, ба коҳиши рушди саросарӣ боис шудааст.