Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори тарафдорони Мурсӣ тафтиш мешавад


Раҳбари муваққати маъмурияти Миср Адлӣ Мансур аз куштори тарафдорони президенти барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ “таассуфи амиқ” иброз намудаааст.

Ба қавли телевизиони давлатии Миср Мансур дастур додааст, ки як комиссия ин ҳодисаро тафтиш кунад.

Ходимони соҳаи беҳдошти Қоҳира мегӯянд, бар асари ҳамла болои тарафдорони президенти барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ камаш 40 кас кушта шудаанд.

Тарафдорони Мурсӣ иброз доштаанд, ки масъулияти ҳамла бар дӯши низомиён аст. Артиши Миср изҳор намудааст, ки “террористони мусаллаҳ” дар назди Горди ҷумҳурӣ ба сӯи издиҳоми тарафдорони Мурсӣ оташ кушодаанд.
XS
SM
MD
LG