Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истаравшан” бар «AV Football Academy» аз Нигерия


Дастаи футболи лигаи олии Тоҷикистон - “Истаравшан”-и Истаравшан бар тими «AV Football Academy»-и Нигерия бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Ин бозии дӯстонаи байналмилалӣ рӯзи якшанбе, 7-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо ҳузури 8000 тамошогар баргузор шуд. Голҳои «Истаравшан»-ро Фарҳод Тоҳиров, Илҳом Баротов ва Бурҳон Шодиёров заданд.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони африқоӣ дар аввалин бозии дӯстонаи худ дар Тоҷикистон 29-уми июн аз тими «Энергетик» мағлуб шуда буданд. Замони асосии ин бозии дӯстона бидуни гол хотима ёфт. Дастаи ғолибро силсилаи пеналтӣ муайян кард. Футболбозони “Энергетик” бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.

Бошгоҳи футболи «Истаравшан», ки бо раҳбарии Зокир Бердиқулов, сармураббии нави даста, ба давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар омодагӣ мебинад, ҳайаташро бо се бозигари тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров - нимҳимоятгарон Сӯҳроб Эгамбердиев, Нодирбек Маъмиров ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров, инчунин, нимҳимоятгари «Ӯротеппа» Илҳом Баротов пурра намуд.

Ба ғайр аз ин, ба даста се легионер аз Узбакистон - ҳимоятгар Азамат Комилҷонов, нимҳимоятгар Бурҳон Шодиёров ва ҳамлагар Ҷавлон Рустамов даъват шудаанд.

Дастаи «Истаравшан» бо сарварии раиси нави бошгоҳ Искандар Тӯраев мақсад дорад, ки дар давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар бозии хуб нишон дода, мавқеашро дар ҷадвали мусобиқот боло кунад. Дар ҳамин ҳол «Истаравшан» бо 2 имтиёз дар зинаи охирин – 10-ум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG