Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соломон Течи: “Иншооллоҳ, “Равшан” чемпион мешавад”


Дар айни ҳол дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар ҳайатҳои дастаҳои лигаи олии кишвар легионерҳо аз Гана, Русия, Украина, Эрон, Узбакистон, Гвинея, Сербия ва Уганда бозӣ мекунанд.

Шореҳи варзиши "Озодӣ" бо як тан аз онҳо - Соломон Течи, ҳамлагари 21-солаи дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ҳамсӯҳбат шуд. Ин футболбози 21-солаи африқоӣ, ки аз кишвари Гана мебошад, ғайричашмдошт бо ӯ аввал ба забони тоҷикӣ ва баъдан ба забони инглисӣ сӯҳбат кард.

Соломон Течи гуфт, “Равшан” дастаи зӯр аст. Иншооллоҳ боз чемпион мешавад. Болелшикҳои “Равшан” бисёранд. Ман бо онҳо проблема надорам. Ман соли аввал аст, ки дар Тоҷикистонам. Ҳоло ба забони тоҷикӣ на он қадар хуб гап мезанам. Ман бо ҳама ошноям, ҳам бо мухлисон ва ҳам бо футболбозони даста. Ман пеш аз ин дар дастаҳои Гана, баъдан дар Тифлиси Гурҷистон бозӣ кардаам. Сипас ба Кӯлоб омадам. Дар ин ҷо мушкиле надорам. Ҳоло издивоҷ накардаам. Волидайнам дар Гана зиндагонӣ мекунанд. Ман дар Тоҷикистон шӯрбо, манту ва оши палавро дӯст медорам.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG