Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳод Восиев дар “Газовик”-и Оренбург бозӣ мекунад


Фарҳод Восиев.
Фарҳод Восиев.

Фарҳод Восиев, ҳимоятгари 23-солаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, дар дастаи дивизиони аввали Русия – «Газовик»-и Оренбург аз санҷиш бомуваффақият гузашт.

Фарҳод Восиев дар дастаи “Газовик” таҳти рақами 26 бозӣ хоҳад кард.
Тими «Газовик», ки дар минтақаи «Урал-Поволжье» (дивизиони дувум) бозӣ мекард, баъди як сол боз ба Лигаи миллии футболи Русия (дивизиони аввал) баргашт. Дар ҳамин ҳол Фарҳод Восиев дар ҳайати ин даста дар Маҷористон тамрин мекунад.

Фарҳод Восиев 14-уми апрели соли 1990 дар Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 2005-2006 дар дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст. Ӯ солҳои 2007-2009 дар ҳайати дувуми «Сатурн»-и Раменское капитан буд. Дар ҳайати асосии «Сатурн» бошад, ду бозӣ анҷом додааст. Соли 2010 дар «Криля Советов» (Самара), соли 2011 дар «Жемчужина-Сочи» ҳунарнамоӣ кардааст. Аз моҳи августи соли 2011 узви дастаи «Шинник»-и Ярославл буд.

Фарҳод Восиев, ки инчунин шаҳрвандии Русияро пазируфтааст, аз моҳи январи соли 2013 дар дастаи “Волгар”-и Астрахан, дар дивизиони аввали Русия бозӣ мекард, вале ин даста аз рӯи натиҷагирии мавсими гузашта ба дивизиони дувум гузашт.

Фарҳод Восиев дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё шудааст. Вай ширкаткунандаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) мебошад. Аз соли 2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG