Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ: ½ финал - ССКА «Помир» - “Эсхата”, “Далерон-Ӯротеппа” - «Хайр»


Рӯзҳои 5-ум ва 8-уми июл бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор мешаванд.

Дар даври ниманиҳоӣ ду дастаи беҳтарини мусобиқаи минтақаи Душанбе - ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат бо ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд – “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан рақобат мекунанд.

Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ рӯзи панҷшанбе, 5-уми июл, миёни дастаҳои ССКА «Помир» – “Эсхата” дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва “Далерон-Ӯротеппа” - «Хайр» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан соати 18 шурӯъ мешаванд.

Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи душанбе, 8-уми июл миёни дастаҳои “Эсхата” – ССКА “Помир” дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Хайр” – “Далерон-Ӯротеппа” дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат соати 17 оғоз меёбанд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG