Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин мураббӣ, беҳтарин бозигар ва беҳтарин довари мусобиқаи қаҳрамонии футболи кишварро дар моҳи июн муайян кард.

Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Гана Дэвид Мауто, нимҳимоятгари тими “Равшан”-и Кӯлоб, беҳтарин бозигар ва Диловаршоҳ Орзуев аз ноҳияи Ҳисор беҳтарин довар дар моҳи июн эълон шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл дар қароргоҳи ФФТ ба беҳтаринҳои моҳи июн ҷоизапулӣ ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Никола Кавазович, собиқ сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Бразилия Виллер Соуза Оливейра, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва довари FIFA Равшан Ишматов аз шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтарин довар дар моҳи май эълон шуда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG