Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 1-уми июл, дар шаҳри Норак семинари доварони футбол таҳти сарпарастии ФИФА (Федеросиюни байналмилалии футбол) шурӯъ шуд .

Ба ин семинар Мӯҳсин Ориф аз Шри-Ланка, мудири департаменти ФИФА оид ба рушди доварӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, раҳбарӣ мекунад. Мушовири ФИФА Фарҳод Абдуллоев аз Узбакистон мушовири техникӣ ва Ганесан Маниам аз Сингапур мушовир оид ба фитнес маҳсуб мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар семинари панҷрӯза 30 довари тоҷик ва 5 мушовири маҳаллӣ ширкат доранд. Ба барномаи семинар машғулиятҳои назариявию амалӣ дохиланд, ки ба доварон барои баландшавии донишашон кӯмак мекунанд. Баъди анҷоми машғулиятҳо ширкаткунандагони семинар дар варзишгоҳи «Барқ»-и Норак аз санҷиш мегузаранд.

Дар маросими кушоиши семинар Мӯҳсин Ориф иброз дошт, ки семинари мазкур барои рушди доварӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Ба гуфтаи ӯ вақтҳои ахир ФИФА ба масоили доварӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад.

ФИФА ширкаткунандагони семинарро бо маводи таълимӣ ва либоси варзишӣ таъмин намудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG