Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз Эквадор хостааст, Сноуденро қабул накунад


Ҷо Байден
Ҷо Байден
Президенти Эквадор Рафаэл Кореа мегӯяд, ноиб-президенти ИМА Ҷо Байден аз ӯ дархост намудааст, ба Эдвард Сноуден-собиқ ходими қарордодии идораи ҷосусии ИМА, ки бо ифшои барномаҳои пинҳонии назорати ИМА муттаҳам мебошад, паноҳгоҳи сиёсӣ надиҳад.

Кореа мегӯяд, дар мавриди дархости Сноуден бо Вашингтон машварат хоҳад кард, вале қабули тасмим ба дасти Эквадор аст:


То замоне, ки Сноуден дар хоки Эквадор нест, мо наметавонем, дархости ӯро арзёбӣ кунем. Вақте ӯ ба қаламрави Эквадор расиду аз мо паноҳгоҳ талаб намуд, мо албатта назари ИМА-ро пурсон хоҳем шуд. Дар мавриди Ассандж мо бо мавқеи Англия ҳам ошно шудем. Мо аз ҳама назар мепурсем, вале қабули қарор ба ихтиёри мост.“

Президенти Эквадор меафзояд, хуб мебуд, агар ИМА танҳо бо боздошти Сноуден машғул нашуда, барномаҳои ҷосусиашро, ки дар саросари дунё амалӣ мекунад, шарҳ медод.

Тахмин мешавад, ки ҳозир Сноуден дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Шереметевои Маскав аст.
XS
SM
MD
LG