Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Энергетик" бар "AV Soccer Academy" аз Нигерия


Лаҳзаи бозӣ
Лаҳзаи бозӣ

Дастаи футболи лигаи олии Тоҷикистон - “Энергетик”-и Душанбе дар нахустин бозии дӯстонаи байналмилалиаш бар тими «AV Soccer Academy» аз Нигерия пирӯз шуд.


Ин бозии дӯстонаи байналмилалӣ миёни дастаи “Энергетик” ва бошгохи «AV Soccer Academy» дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе рӯзи шанбе, 29-уми июн баргузор шуд. Замони асосии дидор бидуни гол хотима ёфт. Дастаи ғолибро силсилаи пеналтиҳо муайян кард. Футболбозони “Энергетик” бо ҳисоби 5:4 ғолиб шуданд.

Сардовари ин бозӣ Раҳмон Муртазоев (Душанбе) дар дақиқаи 41-ум ба бозигари “Энергетик” Фирдавсӣ Курбонов барои зарба задан ба рақибаш корти сурх нишон дод. Инчунин барои корти дувуми зард бозигари меҳмонон Эду Ибениум дар дақиқаи 75-ум аз майдон хорич шуд.



Баъди анҷоми ин бозӣ Бодман Петерс, мураббии тими «AV Soccer Academy», ба хабарнигорон гуфт: “Дастаи мо - «AV Soccer Academy» соли 1998 таъсис ёфтааст. Дар айни ҳол даста дар мусобиқоти миллии кишвар дар лигаи аввал бозӣ мекунад ва дар байни 12 даста дар қатори пешсафон ҷойгир шудааст. Мо дар доираи сафари худ ба кишварҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон омадем ва дар муддати ду ҳафта 5-6 бозии дӯстона анҷом медихем. Нахустин бозии мо бо дастаи “Энергетик” шавқовар гузашт. “Энергетик” дастаи хуби ҳирфаист. Ҳадафи аслии мо ин табодули таҷриба ва фарҳанг аст. Инчунин мақсади мо намоиши футболи африқоӣ ва дидани футболи тоҷик мебошад. Соли гузашта мо дар Непал будем ва 5 бозигари моро бар асоси шартнома ба бошгоҳҳои футболи ин кишвар қабул карданд. Умедворем, ки бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон низ ба бозигарони мо мароқ зоҳир мекунанд. Аз меҳмоннавозии шумо изҳори сипос мекунем.”


Бодман Петерс (аз чап) ва Тоҳир Мӯъминов
Бодман Петерс (аз чап) ва Тоҳир Мӯъминов
Тоҳир Мӯъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”, дар ин нишаст гуфт, “ин бозӣ ҳарчанд дӯстона буд, дар таърихи дастаи «Энергетик» аввалин бозии байналмилалӣ ба шумор меравад. Мо дар рухсатӣ будем ва бо хоҳиши бошгоҳи африқлӣ ба ин бозӣ розӣ шуда, дар муддати 2 рӯз бачаҳоро ҷамъ кардем. Бозӣ хуб гузашт. Барои мо низ ин бозӣ табодули таҷриба ва ошноӣ бо футболи қораи дигар буд. Ба меҳмонон ташаккур мегӯям, ки ба кишвари мо омада, нахустин бозиашонро бо дастаи “Энергетик” анҷом доданд. Шояд дар оянда ба мо ҳам имкони сафар ба Нигерия пайдо шавад ва мо аз наздик бо футбол ва фарҳанги ин кишвар ошно шавем. Мо медонем, ки Нигерия дастаи мунтахаби пурзӯр дорад, ки ду бор дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ ширкат кардааст ва дар қораи Африқо пешқадам аст.”

Дар рейтинги ФИФА тими миллии Нигерия нисбат ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 5 зина болотар, дар мақоми 107-ум аст.

Дастаи “Энергетик”-и Душанбе баъди анҷоми давраи аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар 9 бозӣ 11 имтиёз ба даст оварда, дар миёни 10 дастаи лигаи олӣ дар мақоми 5-ум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG