Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба шуҷоати рӯҳии Мандела баҳои баланд дод


 Президенти ИМА дар пойгоҳи Ватерклуфи Африқои ҷанубӣ
Президенти ИМА дар пойгоҳи Ватерклуфи Африқои ҷанубӣ
Президенти ИМА Барак Обама ба “шуҷоати рӯҳӣ”-и пешвои мубориза бар зидди апартеид ё худ ҷудоии афроди сафед ва сияҳпӯст дар Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела баҳои баланд дод.

Рӯзи шанбе аснои нишасти матбуотии муштарак бо президенти Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума Обама гуфт, пирӯзии Мандела бар табйизи нажодӣ барои аҳли олам ҳамчун намуна хидмат мекунад.

Суханони президенти ИМА дар ҳоле гуфта шудаанд, ки барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Манделаи 94-сола дар яке аз шифохонаҳои Претория дар ҳолати ҷиддӣ қарор дорад.

Тибқи иттилои расида президент ИМА ва ҳамсараш Мишел Обама бо хешу ақрабои Мандела вомехӯранд, вале бо дархости аҳли оилаи Мандела ба шифохона барои аёдати ӯ нахоҳанд рафт.

Обама аз Сенегал ба Африқои Ҷанубӣ ташриф овард. Ӯ тасмим гирифтааст аз ҷазираи Роббен ҳам зиёрат кунад.

Дар маҳбаси ин ҷазира 18 сол аз 27 соли маҳрумият аз озодии Мандела сипарӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG