Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кулл: Парвандаи Димон ва Шерик сиёсӣ нест


Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон.
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон.

Додситонии кулли Тоҷикистон иддаои вакилони дифои Димон Ашуров ва Шерик Карамхудоев дар бораи ангезаи сиёсӣ доштани ин парвандаро рад кард.

Анвар Қаноатов, кафили сардори Раёсати робитаҳои байнулмилалӣ ва таблиғоти ҳуқуқии Додситонии кулл, дар посух ба суолҳои Радиои Озодӣ навиштааст, ки “дар асл тафтиши ин парванда дорои ангезаи сиёсӣ нест ва ҷиноятҳои содиркардаи ин ду нафар хусусияти сирф ҳуқуқӣ-ҷиноӣ доранд”. Ба гуфтаи ӯ, ҳардуи онҳо узви гурӯҳи муташаккили ҷиноии Имомназар Имомназаров буданд ва дар ҳамдастӣ бо дигар аъзои ин гурӯҳ чанд ҷинояти сангин содир кардаанд. Охирин ҷинояти гурӯҳ – куштори сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров буд. Анвар Қаноатов меафзояд, ки мақомоти ҳифзи тартибот аз аъзои даста ба миқдори зиёд силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда ошкору мусодира ва ба ин васила аз дигар ҷиноятҳо ҷилавгирӣ карданд. “Аз ҷумла, аз Шерик Карамхудоев як автомати тамғаи Калашников, 4 тирдон, як норинҷак ва дигар лавозимоти ҷангӣ ёфта гирифта шуд”.

Посухи додситонӣ ба пурсишҳои радиои Озодӣ
Посухи додситонӣ ба пурсишҳои радиои Озодӣ
Дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ оид ба иддаои вакилони дифоъ дар бораи сохта будани панҷ ҷурм аз шаш айби эълоншуда, Анвар Қаноатов гуфтааст, ки ҳама ҷиноятҳои Димон Ашуров ва Шерик Карамхудоев дар ҷараёни тафтишот бо далелҳои мӯътамад собит шуданд. “Бо ҳукми коллегияи додгоҳӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2013 Шерик Карамхудоев дар содир кардани ҷиноёти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла, узвият дар гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигаҳ доштан ва бо худ гирифтани силоҳи оташфишону лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, муқовимат ба намояндаи ҳукумат, Димон Ашуров бошад дар узвият ба гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ алайҳи намояндаи ҳукумат, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва фирор аз ҷойи ҳабси пешакӣ айбдор дониста шуда, Карамхудоев ба мӯҳлати 14 соли маҳрумият аз озодӣ ва адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр ва Ашуров ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ ва адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум шуданд”, омадааст дар посухи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Мо аз мақомоти додситонии Тоҷикистон суол кардем, ки "қабл аз рӯйдодҳои моҳи июли соли 2012 баъзе падидаҳои норозиятӣ миёни гурӯҳҳои маҳаллӣ ва нерӯҳои ҳифзи тартиботу ҳуқуқ ба чашм мерасид ва оё нооромии минбаъда натиҷаи ин норозиятиҳо ва забон наёфтани ин гурӯҳҳо бо нерӯҳои ҳукуматӣ нест?" Анвар Қаноатов иқрор кадааст, ки воқеъан ҳолатҳои алоҳидаи истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот дар қаламрави Бадахшон қаблан ҳам мушоҳида мешуд, вале мақомоти додситонӣ ва дигар ниҳодҳо бо ҳар яке аз ин ҳодисаҳо бархӯрди сареъ ва нисбати афроди гунаҳкор парвандаҳои ҷиноӣ боз мекарданд.

Ва аммо чаро таҳқиқи парвандаи генерал Абдулло Назаров тул мекашад? Ба гуфтаи Анвар Қаноатов, аз рӯи парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров тафтиши пурра ва холисона гузаронида шуд ва дар натиҷа мақомоти ҳифзи тартибот ду нафари ҷиноятро содирнамуда – Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродовро ошкор ва боздошт карданд. 28 феврали соли равон Додгоҳи Олии Тоҷикистон Оқил Аёмбековро барои 17 сол ва Ҳамза Муродовро барои 16 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр намуд. 7-уми май бошад Додгоҳи Олӣ ҳукми Ҳамза Муродовро ним сол кам кард.

Анвар Қаноатов дар робита ба имкони тақвияти нерӯҳо дар марзҳои бадахшонии Тоҷикистон бо Афғонистон бино бар афзоиши задухӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии кишвари ҳамсоя бо Толибон, аз ҷумла, дар волусволии Вардуч, гуфтааст, ки “масъалаи пурзӯр намудани сарҳади давлатӣ дар мадди назари доимии давлат ва ҳукумати кишвар буда, мунтазам дар ин самт чораҳо андешида мешаванд”.

Ёдовар мешавем, Ҳайати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикиcтон рӯзи 19 июн ба аризаи шикоятии вакилони дифои Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев посухи радд додааст. Ба думболи ин яке аз вакилони дифоъ - Файзи Олӣ бо такя ба ҳарфҳои бархе аз наздикони Димон Ашӯров ва кормандони собиқи ниҳодҳои қудратии кишвар гуфт, ки ҳукми Додгоҳи Олӣ дар нисбати Димон Ашӯров одилона будааст. Ба таъкиди ӯ. зерҳимояаш дар давраи тафтишоти пешакӣ бархе маълумотҳо дар бораи амалҳои худро аз вай махфӣ нигоҳ дошта ва ӯ ба ҳарфҳои Димон бовар кардааст:
XS
SM
MD
LG