Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барчидани сандуқҳои хайрия аз мазори Султон


Сандуқҳои хайрияи назди мазори ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар Ховалинг бо супориши Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон барчида шудаанд.
Дар ин макон 5 сандуқи хайрия гузошта шуда буд ва зоирин ба қадри тавон дохили он пул мегузоштанд.
Қурбоналӣ Абдураҳмонов, як масъули мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ гуфт, зимни як сафар ба ин макон раиси вилоят бо далелҳои номаълум асабонӣ шуд ва супориш дод, то сандуқҳоро бардоранд: “Дар он сандуқҳои хайрия маблағе ҷамъ мешуд, ки барои ободии мазор сарф мегашт. Мо ҳам гапи раисро гирифта, онҳоро барчидем, аммо то ҳол ҳайронем, ки чаро чунин супориш дод”
Сарчашмаҳои таърихӣ Султон Увайси Қараниро аз наздиктарин ёрони паёмбари ислом медонанд, ки ба бовари мардуми манотиқи ҷануб қадамгоҳи ӯ дар Ховалинг аст. Аммо то ҳол ҳеҷ санади мушаххасе вуҷуд надорад, ки гузори Ҳазрати Султонро аз ин минтақа собит кунад. Бо ин вуҷуд мазорро дар тобистон дар як рӯз беш аз 300 нафар зиёрат мекунад.
XS
SM
MD
LG